Чаро шаҳрвандон ҷиддияти ҷазоро сарфи назар мекунанд?
Душанбе, 1.02.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар натиҷаи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯйии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КДАМ ҶТ) бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳудуди кӯчаи Авестои пойтахт мошини тамғаи ВАЗ 21011, таҳти идораи шаҳрванд Раҳимов Маҳмад Бозорович, соли таваллудаш 1964, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ боздошт гардида, аз дохили баки сӯзишворӣ якчанд бастаи селофании скотчпеч бо маводи сиёҳи бӯи махсусдоштаи монанд ба афюн ва маводи ҷигарранги бӯи махсусдоштаи монанд ба чарс дарёфт ва мусодира гардид.
Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи идомаи чорабинии мазкур шарики Маҳмад Раҳимов Ҷумъаев Додоҷон Ҷӯрабоевич, соли таваллудаш 1977, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, пештар бо ҷурми даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир суд шудааст, дастгир гардид.
Мувофиқи нишондоди боздоштшудагон онҳо маводи мухаддирро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи ҳоҷӣ Маҳмад дастрас намуда, дар хонаи шаҳрванд Назаров Ҷӯрабек Ҳайдаршоевич, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи ҷамоати Сайроби ноҳияи Ҳамадонй пинҳон карданд. Сипас Маҳмад Раҳимов уҳдадор шуд, ки маводи мухаддирро аз Ҷӯрабек Назаров қабул намуда, ба вилояти Суғд интиқол диҳад.
Ҳамин тавр, дар натиҷаи амалиёти мазкур аз дастгиршудагон Маҳмад Раҳимов, Додоҷон Ҷумъаев ва Ҷӯрабек Назаров дар маҷмӯъ 18 килою 500 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 9 килограмму 480 грамм чарс ва 9 килограмму 20 грамм афюн мусодира гардид. Дар айни замон нисбат ба ашхоси мазкур бо дастрасии моддаи 200 қисми 4 банди «д» Кодекси Ҷиноятии ҶТ паравандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






