Дар ноҳияи Носири Хусрав 700 гектар замин истифода намешавад
Қӯрғонтеппа, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Мутахассисони кумитаи замини ноҳияи Носири Хусрав 162 ҳолати вайрон кардани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ошкор намуданд.
Мувофиқи суханони манбаъ, қитъаҳои замин барои тафтиш чен карда шуда, маълум гардид, ки беш аз 700 гектар замин истифода намешавад. Сабабҳои асосии истифода нашудани замин сатҳи баланди оби заминӣ ва кифоят накардани об барои обёрӣ ва қувваи кор ба шумор меравад.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи Барномаи рушди боғдорию токпарварӣ барои солҳои 2010 – 2014 дар соли 2013 дар масоҳати 166 гектар замин боғҳои нав барпо гардида, 100 гектар боғоти пештара барқарор карда шуд. Алҳол масоҳати боғзори ноҳияи Носири Хусрав 674 гектарро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






