Дар ноҳияи Носири Хусрав 700 гектар замин истифода намешавад

Февраль 7, 2014 14:32

Қӯрғонтеппа, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев).- Мутахассисони  кумитаи  замини   ноҳияи  Носири  Хусрав  162  ҳолати  вайрон  кардани  Кодекси  замини  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  ошкор  намуданд.
 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  қитъаҳои  замин барои тафтиш  чен  карда шуда,  маълум  гардид, ки   беш  аз  700  гектар  замин   истифода  намешавад. Сабабҳои  асосии  истифода нашудани  замин  сатҳи баланди  оби  заминӣ  ва  кифоят  накардани об  барои  обёрӣ  ва  қувваи  кор   ба шумор  меравад.
 
Қобили  зикр  аст, ки  мутобиқи  Барномаи  рушди  боғдорию  токпарварӣ барои  солҳои  2010 – 2014 дар  соли  2013  дар  масоҳати  166  гектар   замин   боғҳои  нав  барпо  гардида, 100  гектар  боғоти  пештара  барқарор  карда шуд. Алҳол  масоҳати  боғзори  ноҳияи  Носири  Хусрав  674  гектарро ташкил  медиҳад. 
 

Февраль 7, 2014 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш