Дар Сочи барномаи мусобиқотии Олимпиада — 2014 оғоз ёфт
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 6 феврал дар шаҳри Сочи барномаи мусобиқотии Бозиҳои ХХ11 зимистонаи олимпӣ оғоз ёфт. Дар мавриди аввал мардҳо аз рӯи намуди варзиши сноуборд қувваозмоӣ намуданд.
Дар Олимпиадаи Сочи аз ҷониби Тоҷикистон лижарон Алишер Қудратов ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин бора сардори шуъбаи байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Маҳмадшо Абдуллоев хабар дод.
Хотирнишон месозем, ки Бозиҳои ХХ11 зимистонаи олимпӣ аз 7 то 23 феврали соли 2014 баргузор гардида, дар он варзишгарон барои дарёфти 98 комплекти мукофот аз рӯи 15 намуди варзиш қувваозмоӣ менамоянд. Барои ин қариб 1300 адад медал сикка шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






