Дар Суғд бунёди 160 корхонаи саноатӣ дар назар аст

Февраль 14, 2014 15:19

Хуҷанд, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад  Додобоев).- «Корхонаҳои   саноати  маъдани  вилоят  бо  истифода  аз  иқтидори  мавҷудаашон  метавонанд  соле ба  маблағи   1  миллиарду 300  миллион  сомонӣ  маҳсулот  тавлид  кунад. Вале  натиҷаи таҳлил    нишон  медиҳад, ки  соли  гузашта  корхонаҳои   ин  соҳа назар  ба  иқтидори  мавҷуда  баробари 400 миллион  сомонӣ камтар   маҳсулот  истеҳсол  намудаанд»,  — гуфт  муовини раиси  вилояти  Суғд Хайрулло  Маҳмадуллоев  дар ҷаласаи машваратӣ  бо роҳбарону  мутахассисони   корхонаҳои   саноати  маъдан  ва  истеҳсоли   маводи  сохтмонӣ.
 
Раиси  вилоят  Абдураҳмон  Қодирӣ   дар навбати  худ зикр  намуд, ки  соли  2013  дар  вилоят  6  корхонаи  саноати маъдан  фаъолият  дошт. 
 
Зикр  шуд, ки  дар  вилоят  5  корхонаи  истеҳсоли  семент,  14  корхонаи  хиштпазӣ ва  як  қатор  корхонаҳои  тирезаю  дарсозӣ  фаъолият  дошта,   барои   таъмини  талаботи  аҳолӣ  ба маҳсулоташон саҳми  бориз  мегузоранд. 
 
Мувофиқи  «Барномаи бунёди   корхонаҳои нав   дар  соли  2014»  сохтмони  160  корхонаи  саноатӣ   пешбинӣ  шудааст, ки  дар  онҳо  бояд   беш  аз  5  ҳазор ҷойи  кор фароҳам оварда шавад.
 
Хотирнишон  месозем, ки  чанде  пеш  раиси  вилоят Абдураҳмон  Қодирӣ  ба  манзури  мусоидат   ба   рушди  саноат  бо кормандони саноати  сабук  ва хӯрокворӣ   машварати  корӣ  доир  намуда буд. 
 
 

Февраль 14, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад