Дар Суғд бунёди 160 корхонаи саноатӣ дар назар аст
Хуҷанд, 14.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Додобоев).- «Корхонаҳои саноати маъдани вилоят бо истифода аз иқтидори мавҷудаашон метавонанд соле ба маблағи 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид кунад. Вале натиҷаи таҳлил нишон медиҳад, ки соли гузашта корхонаҳои ин соҳа назар ба иқтидори мавҷуда баробари 400 миллион сомонӣ камтар маҳсулот истеҳсол намудаанд», — гуфт муовини раиси вилояти Суғд Хайрулло Маҳмадуллоев дар ҷаласаи машваратӣ бо роҳбарону мутахассисони корхонаҳои саноати маъдан ва истеҳсоли маводи сохтмонӣ.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар навбати худ зикр намуд, ки соли 2013 дар вилоят 6 корхонаи саноати маъдан фаъолият дошт.
Зикр шуд, ки дар вилоят 5 корхонаи истеҳсоли семент, 14 корхонаи хиштпазӣ ва як қатор корхонаҳои тирезаю дарсозӣ фаъолият дошта, барои таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулоташон саҳми бориз мегузоранд.
Мувофиқи «Барномаи бунёди корхонаҳои нав дар соли 2014» сохтмони 160 корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо бояд беш аз 5 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шавад.
Хотирнишон месозем, ки чанде пеш раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба манзури мусоидат ба рушди саноат бо кормандони саноати сабук ва хӯрокворӣ машварати корӣ доир намуда буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






