Дарёфти Ҷоми Фармондеҳи қӯшунҳои зудамал
Душанбе, 19.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Дар арафаи 21-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ, барои дарёфти Ҷоми фармондеҳи қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни хизматчиёни ҷузъу томҳои ин навъи қӯшун мусобиқаи варзишӣ доир гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, дар мусобиқа сарбозон аз рӯйи ду навъи варзиш, гӯштини миллӣ ва ҷанги тан ба тан миёни ҳам сабқат намуданд.
Ба гуфтаи масъулини соҳа, ташкили чунин мусобиқоти варзишӣ, ба сатҳи омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат намуда, барои боз ҳам рушд додани риштаи варзиш заминаи устувор мегузоранд. Ҳамасола дар доираи чорабиниҳои гуногуни тарҳрезигардидаи масъулини Вазорати мудофиа, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар қисмҳои ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ ба роҳ монда шуда, барои ба ҳам овардани риштаи дӯстиву бародарӣ миёни сарбозон мусоидат менамояд.
Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи варзишӣ ба ғолибони мусобиқа Ҷом, ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи ҳайати фармондеҳии қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ супорида шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






