Дарёфти героин аз шаҳрванди хориҷӣ
Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) як нафар шаҳрванди хориҷиро бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти АНМН кормандони агентӣ шаҳрванди хориҷиро дар постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб бо мошини боркаши тамғаи хориҷиаш боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бағоҷдони он қуттии сигори тамғаи “Pine»-ро дарёфт намуданд, ки дар дохили он пули қоғазӣ пинҳон буд. Зимни кофтукови кормандони фаврӣ, аз даруни пули печонидашуда моддаи хокамонанди сафедро мусодира карданд. Ташхиси экспертӣ нишон дод, ки моддаи мазкур маводи сахттаъсири героин будааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур, кормандони шуъбаи тафтишотии агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, ронандаи мошин, яъне шаҳрванди хориҷӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд.
Тибқи маълумот соли гузашта кормандони АНМН 42 ҷинояти нашъаҷаллобиро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






