Дарёфти героин аз шаҳрванди хориҷӣ

Февраль 20, 2014 15:00

  Душанбе, 20.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас  Темурзода).-Дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб кормандони  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) як нафар шаҳрванди хориҷиро бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт намуданд. 
     Тибқи иттилои маркази матбуоти АНМН кормандони агентӣ шаҳрванди хориҷиро дар постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб бо мошини боркаши тамғаи хориҷиаш боздошт намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии мошин аз бағоҷдони он қуттии сигори тамғаи “Pine»-ро дарёфт намуданд, ки дар дохили он пули қоғазӣ пинҳон  буд. Зимни кофтукови кормандони фаврӣ, аз даруни пули печонидашуда моддаи хокамонанди сафедро мусодира карданд. Ташхиси экспертӣ нишон дод, ки моддаи мазкур маводи сахттаъсири героин будааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур, кормандони шуъбаи тафтишотии агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, ронандаи мошин,  яъне шаҳрванди хориҷӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуд. 
        Тибқи маълумот соли гузашта кормандони АНМН  42 ҷинояти нашъаҷаллобиро аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтанд. 

Февраль 20, 2014 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш