Дастгир гардидани гурӯҳи одамрабо

Февраль 13, 2014 12:01

  Душанбе, 13. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- 9-уми январи соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа,  Сафиалло Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 2002  ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 2004-ум,  сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, аз тарафи шахсони номаълум, ки дар рӯй ниқоб доштанд, аз назди бинои истиқоматиашон тавассути мошини сабукрав дуздида шуданд. Дарҳол аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД)  дар ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, аз пайи ошкор ва дастгир намудани шахсони ҷиноят содиркарда шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, пас аз се соати воқеаи рухдода, ноболиғони рабудашуда сиҳату саломат бе ягон ҷароҳат дарёфт шуданд. Акнун ба кормандони милитсияи пойтахт зарур буд, ки ҳарчи зудтар шахсияти ҷинояткоронро ошкор ва онҳоро дастгир намоянд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти одамрабоӣ Искандаршо Камолов,  соли таваллудаш 1996, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи технологии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ноболиғон Ҳусниддин Давлатов, соли таваллудаш 1997, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, донишчуи Коллечи мухандисии №30 ва Улуғбек Нуров,  соли таваллудаш  1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, донишҷӯи Коллеҷи технологии Тоҷикистон дастгир гардиданд. Сарвари ин гурӯҳи ҷиноӣ И. Камолов , ки қаблан дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи падари ҷабрдидаҳо-шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад фаъолият мекард, аз тиҷорат ва сармоядории ӯ огаҳӣ пайдо карда, нақшаи рабудани фарзандони ӯро мекашад. Пас аз дуздидан ӯ бо ҳаммаслаконаш кӯдаконро ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурда, аз тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.
Аммо фаъолияти хуби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид, ки ноболиғони рабудашуда озоду ҷинояткорон дастгир  шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон -одамдуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбаронро аз 5 то 10 соли маҳрумӣ аз озодӣ интизор аст.
 
 

Февраль 13, 2014 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад