Дастгир гардидани гурӯҳи одамрабо
Душанбе, 13. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- 9-уми январи соли равон, тахминан соати 19:30-дақиқа, Сафиалло Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 2002 ва хоҳараш Лема Саидмуҳаммад, соли таваллудаш 2004-ум, сокинони кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, аз тарафи шахсони номаълум, ки дар рӯй ниқоб доштанд, аз назди бинои истиқоматиашон тавассути мошини сабукрав дуздида шуданд. Дарҳол аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД) дар ноҳияи Фирдавсӣ гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, аз пайи ошкор ва дастгир намудани шахсони ҷиноят содиркарда шуданд.
Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, пас аз се соати воқеаи рухдода, ноболиғони рабудашуда сиҳату саломат бе ягон ҷароҳат дарёфт шуданд. Акнун ба кормандони милитсияи пойтахт зарур буд, ки ҳарчи зудтар шахсияти ҷинояткоронро ошкор ва онҳоро дастгир намоянд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ҷинояти одамрабоӣ Искандаршо Камолов, соли таваллудаш 1996, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан истиқоматкунандаи кӯчаи Борбад, донишҷӯи бахши 1-уми Коллеҷи технологии Тоҷикистон бо ҳамроҳии ноболиғон Ҳусниддин Давлатов, соли таваллудаш 1997, зодаи шаҳри Қурғонтеппа, донишчуи Коллечи мухандисии №30 ва Улуғбек Нуров, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев, донишҷӯи Коллеҷи технологии Тоҷикистон дастгир гардиданд. Сарвари ин гурӯҳи ҷиноӣ И. Камолов , ки қаблан дар ширкати «Алокозай» ҳамроҳи падари ҷабрдидаҳо-шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад фаъолият мекард, аз тиҷорат ва сармоядории ӯ огаҳӣ пайдо карда, нақшаи рабудани фарзандони ӯро мекашад. Пас аз дуздидан ӯ бо ҳаммаслаконаш кӯдаконро ба самти ноҳияи Рӯдакӣ бурда, аз тариқи телефон аз падари ноболиғон Муҳаммадфазли Саидмуҳаммад ба ивази раҳоии фарзандонаш 200 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.
Аммо фаъолияти хуби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе боис гардид, ки ноболиғони рабудашуда озоду ҷинояткорон дастгир шуданд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон -одамдуздӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбаронро аз 5 то 10 соли маҳрумӣ аз озодӣ интизор аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






