Дастгир шудани чанд нашъаҷаллоб

Февраль 21, 2014 11:52

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода). — Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чанд шаҳрванди ҷумҳуриро дастгир намуданд.
Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, аз  ҷумла ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии пешдастгиршуда Аҳлиддин Тағоев, соли таваллудаш 1985, сокини н.Восеъ аз болои боми хонааш дар дохили 15 адад бастаи селофанӣ 14 килою 100 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 84 грамм маводи нашъаовари афюн дарёфт шуд.  
Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз сокини шаҳри Конибодом Рустам Обидов, соли таваллудаш 1961, 2 килою 364 грамм ва аз як сокини дигари шаҳри номбурда Рамазон Нозимов, соли таваллудаш 1967, 403 грамм маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Сокини 32-солаи пойтахт Абдуҳаким Раҳимов бо 890 грамм маводи нашъадори бангдона дастгир карда шуд. 
Ҳамчунин аз шаҳрвандон Фаррух Қаландаров, соли таваллудаш 1970 ва Латиф Самиев, соли таваллудаш 1966, сокинони ноҳияи Ҳисор маводи нашъадори афюн ва ҳашиш дар ҳаҷми 480 грамм ва 44 грамм дарёфт ва мусодира гардид.  
Дар натиҷаи чораҳои фаврии роҳандозишуда, дар маҷмӯъ 18 килою 365 грамм маводи нашъадор дарёфт ва мусодира шуда, аз рӯи далелҳои мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
 
 
 
 

Февраль 21, 2014 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш