Дастгир шудани гурӯҳи ноболиғон дар дуздӣ

Февраль 1, 2014 11:45

Душанбе, 1.02.2014. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 29 январи соли 2014 зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, хонандагони мактаби миёна, иборат аз 7 нафар ҳамчун гумонбар дар содир намудани 10 ҳолати дуздӣ дастгир гардид. 
Гурӯҳи мазкур таҳти роҳбарии Маликов Амон Сардорович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи мактаби миёна, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи шикастани қулфҳои дари даромад, ғайриқонунӣ вориди мағозаҳои хӯрокворӣ ва фурӯши маҳсулоти аудио видео шуда, маҳсулотҳои хӯрокӣ ва техникиро тасарруф намуда, дар маҷмӯъ ба ҷабрдидагон қариб 20 000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.
 

Февраль 1, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш