Дастгоҳи раиси шаҳр ба мутахассисон ниёз дорад

Февраль 10, 2014 15:59

 
Душанбе, 10.02.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Шаҳрдории Душанбе барои ишғоли  мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд. Тибқи озмун дар дастгоҳи раиси шаҳр   мудири шуъбаи саноат ва энергетика, сармутахассисон дар шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,     ташкилӣ,     иқтисод, молия ва ояндабинӣ,        нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия,  шуъбаи коммуналию муҳандисӣ,      инчунин мутахассисони пешбар дар шуъбаи муҳосиботу хоҷагӣ ва шуъбаи сохтмон ва ободонӣ ба кор қабул карда мешаванд.
   Ҳамзамон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба мудири шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ,   мудири шуъба оид ба корҳои дин ва  мутахассиси шуъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ниёз дорад. 
             Дар озмун ба довталабоне, ки дорои маълумоти олии касбии таҳсили рӯзонаанд, донишгоҳҳо ва донишкадаҳои кишварро то соли 1992 хатм намудаанд ва ё дар хориҷи ҷумҳурӣ соҳиби маълумоти олӣ гардида, аз рӯи ихтисос таҷрибаи кории роҳбарӣ доранд, афзалият дода мешавад.
   Озмун то 6 марти соли равон идома ёфта, натиҷааш на дертар аз 10 март ҷамъбаст мегардад.15.34.
 
 
 

Февраль 10, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд