Даъвати Ш.Зуҳуров ҷиҳати дастгирии Афғонистон

Февраль 20, 2014 10:45

 Душанбе, 20.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни суханронии худ дар иҷлосияи 9-уми Иттиҳоди парлумонии /ИП/ Созмони конфронси исломӣ  /СКИ/ дар Теҳрон таваҷҷуҳи  иштирокдорони ин ҳамоиши бузургро ба ҳалли  қазияи Афғонистон ҷалб намуд. Мавсуф гуфт, ки ин кишвар дар соли 2014 дар рӯёрӯи озмоишҳои нав қарор мегирад ва дастгирии моро интизор аст. Мо бовар дорем, халқи бародари афғон, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои СКИ  ҷонибдорӣ мешавад ва ин кишварҳо, инчунин тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рушди минбаъдаи мусолиматомез дар Афғонистон масъуланд, душвориҳои дар пешистодаро муваффақона бартараф хоҳанд кард.
       Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки мо вазифадорем Афғонистонро  дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ дастгирӣ намоем.
        Ҳамаи мо манфиатдорем, ки Афғонистон ба мамлакати осудаю мутараққӣ ва босубот табдил ёбад. Мо бояд ба халқи афғон кӯмак расонем, ки роҳи худро ба сӯи сулҳу субот устуворона давом дода тавонад. 
     «Вақти он расидааст, ки Созмони Конфронси Исломӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои минтақа тамоми  имкониятҳои мавҷударо барои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон равона созад»,  афзуд дар фарҷом Шукурҷон Зуҳуров.

Февраль 20, 2014 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш