Дидори толибилмон бо сарбозон
Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 феврал масъулини ҳукумати ноҳия, намояндагони Комиссариати ҳарбӣ ва толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Варзоб аз қисми ҳарбии 17651 дидан намуданд. Онҳо бо шароити хизматию маишии афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ аз наздик шинос гардида, хизматчиёни ин қисми ҳарбиро бо иди Артиши миллӣ табрик намуданд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба як қатор афсарон ифтихорномаҳои ҳукумати ноҳияи Варзоб супорида шуд. Дар фарҷоми ин ҷамъомад миёни афсарону сарбозон ва толибилмони макотиби миёнаи ноҳияи Варзоб мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол доир шуд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






