Дидори толибилмон бо сарбозон

Февраль 21, 2014 10:27

Душанбе, 21.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 феврал масъулини ҳукумати ноҳия, намояндагони Комиссариати ҳарбӣ ва толибилмони макотиби таҳсилоти миёнаи умумии Варзоб аз қисми ҳарбии 17651 дидан намуданд. Онҳо бо шароити хизматию маишии афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ аз наздик шинос гардида, хизматчиёни ин қисми ҳарбиро бо иди Артиши миллӣ табрик намуданд.
 Дар ҷараёни ин чорабинӣ ба як қатор афсарон ифтихорномаҳои ҳукумати ноҳияи Варзоб супорида шуд. Дар фарҷоми ин ҷамъомад миёни афсарону сарбозон ва толибилмони макотиби миёнаи ноҳияи Варзоб мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол доир шуд. Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин  вохӯриҳо баланд бардоштани рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва насли наврас аст. 
 
 
 

Февраль 21, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш