Додугирифти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо

Февраль 24, 2014 15:15

Душанбе, 24. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонзода).- Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ ду нафар шаҳрванди ҷумҳуриро бо гумони бастани аҳди ғайриқонунӣ барои додугирифти металҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳои табиӣ ё марворид дастгир намуданд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳангоми кофтукови шахсии сокини ноҳияи Шуғнон Шавкат Сайфиддинов, соли таваллудаш 1990, 155 адад санги қимматбаҳои «лаъл», вазнаш 104, 38 грамм, 132 адад «ёқути сурх», вазнаш 71,7 грамм, 8 адад «ёқути кабуд», вазнаш 4,38 грамм, 7 адад санги сабзи қиматбаҳои «зумрад», вазнаш 7,72 грамм, 18 адад санги қиматбаҳои сабзчатоб, вазнаш 19,81 грамм, 7 адад санги табиии «гиотсид», 1 адад санги табиии «флюотсид», вазнаш 317, 73 грамм дарёфт ва мусодира шуд.Ҳамчунин сокини пойтахт Зуҳур Баҳромов, соли таваллудаш 1958, бо ҷурми даст доштан дар ин амал дастгир шуд, ки дар вақти кофтукови шахсӣ аз ў 172 адад бо вазни умумии 72, 37 грамм санги қиматбаҳои «лаъл» ва 3 адад «ёқути сурх» бо вазни 7,26 грамм мусодира гардид.Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Февраль 24, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд