Донишгоҳи Панҷакент- манбаи кадрҳои минтақа
Панҷакент. 21. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). -Аз таъсисёбии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 23 сол пур мешавад. Ин боргоҳи маърифат тайи ин солҳо тавонист дар қатори комёбиҳои дигар донишгоҳҳои кишвар барои пешбурди тадрис кадрҳои хуб тайёр кунад.
Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Муаззам Ансорӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имрӯз дар ин боргоҳи маърифат 145 нафар ҷавонон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо хатмкардаҳои ҳамин донишгоҳ ҳастанд. Аллакай 28 нафар омӯзгори ҷавон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Шумораи аспирантҳо дар ин донишгоҳ 35 нафарро ташкил медиҳад. Моҳҳои наздик ду кормандани Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Фирӯз Аминов ва Алишер Амонов дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи доктории худро ҳимоя хоҳанд кард.
Мавриди ёдоварист, ки Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дорои 5 факулта ва 24 ихтисос мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






