Донишгоҳи Панҷакент- манбаи кадрҳои минтақа

Февраль 21, 2014 10:29

 
 Панҷакент. 21. 02. 2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). -Аз таъсисёбии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент  23 сол пур мешавад. Ин боргоҳи маърифат тайи ин солҳо тавонист дар қатори комёбиҳои дигар донишгоҳҳои кишвар барои пешбурди тадрис кадрҳои хуб тайёр кунад. 
Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор Муаззам Ансорӣ зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки имрӯз дар ин боргоҳи маърифат 145 нафар ҷавонон ба ҳайси омӯзгор фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо хатмкардаҳои ҳамин донишгоҳ ҳастанд. Аллакай 28 нафар омӯзгори ҷавон рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
    Шумораи аспирантҳо дар ин донишгоҳ 35 нафарро ташкил медиҳад. Моҳҳои наздик ду кормандани Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Фирӯз Аминов ва Алишер Амонов дар шаҳри Санкт-Петербург рисолаи доктории худро ҳимоя хоҳанд кард.
Мавриди ёдоварист, ки  Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дорои 5 факулта ва 24 ихтисос мебошад.
 
 
 

Февраль 21, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш