Ду тоҷик қурбони садама дар Русия
Душанбе, 24.02.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Шаби 23 феврали соли равон дар қитъаи Южноуралскии роҳи мошингарди Челябинск-Троитск садамаи калони нақлиётӣ рух дод. Дар ҷои ҳодиса 4 нафар ба ҳалокат расид, ки ду нафар аз ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Тавре ки корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират хабар дод, фавтидагон Амиршо Собирқулов, сокини деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ва Ҳошимҷон Раҳимови 37- сола, сокини ноҳияи Румии вилояти Хатлон мебошанд.
Аз ҷумла, ду шаҳрванди Тоҷикистон Абдумутолиб Набиев, сокини ноҳияи Румӣ ва Исмоил Меликов бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаи шаҳрии Южноуралск бистарӣ гаштаанд.
Тавре ки маълум гардид, дар натиҷаи садама инчунин ду ронандаи мошин- шаҳрвандони Русия дар ҷои ҳодиса ҳалок гардиданд.
Дар айни замон дар ҷои ҳодиса кормандони гуруҳи тафтишотию фаврӣ барои муайян кардани сабаби садама кор бурда истодаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






