Дурнамои ҳамкории МН бо АПО
Душанбе, 18.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамкориҳои Ассамблеяи парлумонии Осиё /АПО/ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир рушд ёфта, хусусан иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар чорабиниҳои АПО яке аз омилҳои асосии таҳкими муносибот маҳсуб меёбад». Ин матлабро зимни мулоқоташ доктор Муҳаммад Ҳодӣ Наҷот Ҳусейниён- Дабири кулли АПО бо Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон иброз дошт. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Парлумони Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли АПО буда, иштироки намояндагони Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои он далели гуфтаҳост. Имрӯз АПО ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносиботи байналмилалӣ ва байнипарлумонӣ на танҳо дар сатҳи минтақавӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Хусусан нақши АПО дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардид. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Парлумони Тоҷикистон дар тӯли солҳои узвият дар АПО таҷрибаи фаъолияти парлумонҳои кишварҳои аъзои ин созмонро омӯхта, дар фаъолиятҳои қонунофарии худ истифода кардааст. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ байни Парлумони Тоҷикистон ва АПО, фаъол намудани кори гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, густариши муносибот дар заминаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, захираҳои обӣ, фарҳанг матраҳ гардиданд.
АПО сентябри соли 1999 дар Дакка бо мақсади мусоидат ба таҳкими ягонагӣ, сулҳ ва асосҳои бунёдии ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва демократия таъсис ёфтааст. АПО дар ҳайаташ 41 кишвари Осиёро муттаҳид менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






