Душанбе — Лондон: ҳамкорӣ бояд вусъат дода шавад
Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 11 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид муовини роҳбари намояндагии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ричард Вудро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мусоҳибон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.«Палатаи савдо василаи муҳими ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсуб меёбад. Мо Британияи Кабирро яке аз мушорикони асосии худ дониста ва хостгори рушди ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ мебошем», — гуфт раиси ПСС ҶТ.Шариф Саид ба Ричард Вуд дар бораи имконоти аз ҷониби ширкатҳои Британия сармоягузорӣ шудани бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон муфассал нақл кард.Ричард Вуд иброз дошт, ки баъди ба Созмони умумииҷаҳонии савдо ворид шудани ҷумҳурӣ шавқу ҳаваси ширкатҳои Британия дар мавриди маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон афзуд. Британияи Кабир омода аст, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистонро рушду равнақ диҳад, зеро ин кишварро яке аз минтақаҳои муҳимтарини Осиёи Марказӣ аз нигоҳи неруи иқтисодӣ ва имкониятҳо барои тиҷорати байналмилалӣ мешуморад.Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориро ба манзури ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон идома хоҳанд дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






