Душанбе — Лондон: ҳамкорӣ бояд вусъат дода шавад

Февраль 12, 2014 13:37

Душанбе, 12.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 11 феврал раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид муовини роҳбари намояндагии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон Ричард Вудро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  Мусоҳибон вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.«Палатаи савдо василаи муҳими ҳамкории тиҷоратию иқтисодии миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсуб меёбад. Мо Британияи Кабирро яке аз мушорикони асосии худ дониста ва хостгори рушди ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ мебошем», — гуфт раиси ПСС ҶТ.Шариф Саид ба Ричард Вуд дар бораи имконоти аз ҷониби ширкатҳои Британия сармоягузорӣ шудани бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон муфассал нақл кард.Ричард Вуд иброз дошт, ки баъди ба Созмони умумииҷаҳонии савдо ворид шудани ҷумҳурӣ шавқу ҳаваси ширкатҳои Британия дар мавриди маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон афзуд. Британияи Кабир омода аст, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистонро рушду равнақ диҳад, зеро ин кишварро яке аз минтақаҳои муҳимтарини Осиёи Марказӣ аз нигоҳи неруи иқтисодӣ ва имкониятҳо барои тиҷорати байналмилалӣ мешуморад.Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориро ба манзури ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон идома хоҳанд дод.

Февраль 12, 2014 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд