Эҳтимоли даст кашидани ССКА «Помир» аз мусобиқаи Тоҷикистон-2014

Февраль 1, 2014 10:29

Душанбе, 1.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дастаи  ССКА «Помир»-и Душанбе эҳтимол аз иштирок дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2014 миёни дастаҳои лигаи олӣ даст кашад.
Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.  Ба иттилои манбаъ  роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар дар бораи аз нав ташкил кардани клуби ССКА «Помир» ва ширкат накардани он дар чемпионати Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Вале вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҳанӯз ба мактуб дар бораи иштирок накардани даста дар Ҷоми Тоҷикистон-2014 дар мавсими соли ҷорӣ имзо накардааст.
 
Ёдрас мешавем, ки дастаи футболи ССКА «Помир» бо дастгирии Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири  мудофиаи Тоҷикистон, ки мухлиси ашаддии футбол аст, таъсис ёфта буд. 
Ин даста аввал СКА ПВО «Помир» ва аз соли 1998 СКА «Помир» ном дошт. Дар мавсими соли 2007 СКА «Помир» бо дастаи ССКА муттаҳид шуда, номи ССКА «Помир»-ро гирифт. Соли гузашта ин даста дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал дар зинаи пеш аз охирин ҷойгир шуд.
 
 
 
 
 

Февраль 1, 2014 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад