Эҳтимоли даст кашидани ССКА «Помир» аз мусобиқаи Тоҷикистон-2014
Душанбе, 1.02.14 (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе эҳтимол аз иштирок дар мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2014 миёни дастаҳои лигаи олӣ даст кашад.
Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ роҳбарияти Вазорати мудофиаи кишвар дар бораи аз нав ташкил кардани клуби ССКА «Помир» ва ширкат накардани он дар чемпионати Тоҷикистон тасмим гирифтааст. Вале вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҳанӯз ба мактуб дар бораи иштирок накардани даста дар Ҷоми Тоҷикистон-2014 дар мавсими соли ҷорӣ имзо накардааст.
Ёдрас мешавем, ки дастаи футболи ССКА «Помир» бо дастгирии Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки мухлиси ашаддии футбол аст, таъсис ёфта буд.
Ин даста аввал СКА ПВО «Помир» ва аз соли 1998 СКА «Помир» ном дошт. Дар мавсими соли 2007 СКА «Помир» бо дастаи ССКА муттаҳид шуда, номи ССКА «Помир»-ро гирифт. Соли гузашта ин даста дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар байни дастаҳои лигаи олӣ дар ҷадвал дар зинаи пеш аз охирин ҷойгир шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






