Эрон хостори татбиқи барномаҳои нав дар Тоҷикистон?
Душанбе, 14.02.2014. (АМИТ “Ховар”).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раҳимпур ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯст — Тоҷикистону Эрон, инчунин тавсеаи равобити иқтисодии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.
Иброҳим Раҳимпур пас аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори оммаи ду кишвар гуфт: “Мулоқоти хубу созандае бо Раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доштем. Мо равобити 22-солаи миёни ду кишвари мутамаддини форсизабонро баррасӣ намуда, дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифро муайян сохтем. Бо таваҷҷуҳ ба он, ки ширкатҳои эронӣ ҷиҳати татбиқи якчанд лоиҳа дар Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, мо бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон масоили такмили бархе аз лоиҳаҳо ва амалисозии лоиҳаҳои нав аз ҷониби ширкатҳои эрониро муҳокима намудем”.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






