Фаъолияти 17-солаи минаҷӯёни тоҷик
Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ба таъсиси Баталйони муҳандисӣ- минаҷӯии Вазорати мудофиаи кишвар имсол 17 сол пур шуд. Баталйони мазкур соли 1997-ум таъсис ёфта, дар самти тоза ва безарар гардонидани минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз мина ва дигар муҳимоти тарканда нақши муассир дорад.
Баъд аз таъсиси баталйони мазкур, бо назардошти маблағгузории нокифоя, надоштани дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамони минаҷӯӣ ва норасоии мутахассисони соҳавӣ кори онҳо дар самти безарар гардонидани минтақаҳои мухталифи кишвар аз мина ва дигар моддаҳои тарканда суст ба роҳ монда шуда буд.
Пас аз шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Оттава, бо кумаку дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ, ҷузъу томҳои Баталйони муҳандисӣ- минаҷӯӣ дар ҳамоҳангӣ бо хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии мамлакат ба кори нобудсозии минаҳои зидди пиёдагард ва тозаву безарар намудани манотиқи кишвар аз муҳимоти нотаркидаи хатарнок шуруъ намуданд.
Ҳамин тариқ, аз соли 2003-юм ин ҷониб, корҳои тозаву безараргардонӣ дар се қисмати асосии кишвар бо суръат ҷараён дошта, то ба имрӯз аз ҷониби дастаҳои поксозӣ, қисми зиёди заминҳои хатарзои кишвар тоза гардонида шуд. Ба гуфтаи масъулини соҳа дар айни замон, дар ҳудуди мамлакат 8,5 км квадратӣ заминҳои минадошта боқӣ мондааст, ки ба минтақаҳои хатардошта шомил мебошад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ ва тибқи нақша то соли 2020-ум заминҳои боқимондаи мамлакатро, ки то ҳол хатарноканд, аз мина ва дигар муҳимоти тарканда пурра бояд тозаю безарар гардонад.
Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози соли 1992 инҷониб, аз таркиши моддаҳои мухталифи тарканда 364 нафар ҳалок ва 470 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






