Фаъолияти 17-солаи минаҷӯёни тоҷик

Февраль 17, 2014 10:40

Душанбе, 17.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Ба  таъсиси Баталйони муҳандисӣ- минаҷӯии Вазорати мудофиаи кишвар имсол 17 сол пур шуд. Баталйони мазкур соли 1997-ум таъсис ёфта, дар самти тоза ва безарар гардонидани минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз мина ва дигар муҳимоти тарканда нақши муассир дорад.
 Баъд аз таъсиси баталйони мазкур, бо назардошти маблағгузории нокифоя, надоштани дастгоҳу лавозимоти ҳозиразамони минаҷӯӣ ва норасоии мутахассисони соҳавӣ кори онҳо дар самти безарар гардонидани минтақаҳои мухталифи кишвар аз мина ва дигар моддаҳои тарканда суст ба роҳ монда шуда буд.
Пас аз шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Оттава, бо кумаку дастгирии молиявии созмонҳои байналмилалӣ, ҷузъу томҳои Баталйони муҳандисӣ- минаҷӯӣ дар ҳамоҳангӣ бо хизматчиёни ҳарбии дигар сохторҳои қудратии мамлакат ба кори нобудсозии минаҳои зидди пиёдагард ва тозаву безарар намудани манотиқи кишвар аз муҳимоти нотаркидаи хатарнок шуруъ намуданд.
Ҳамин тариқ, аз соли 2003-юм ин ҷониб, корҳои тозаву безараргардонӣ дар се қисмати асосии кишвар бо суръат ҷараён дошта, то ба имрӯз аз ҷониби дастаҳои поксозӣ, қисми зиёди заминҳои хатарзои кишвар тоза гардонида шуд. Ба гуфтаи масъулини соҳа дар айни замон, дар ҳудуди мамлакат 8,5 км квадратӣ заминҳои минадошта боқӣ мондааст, ки ба минтақаҳои хатардошта шомил мебошад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ ва тибқи нақша то соли 2020-ум заминҳои боқимондаи мамлакатро, ки то ҳол хатарноканд, аз мина ва дигар муҳимоти тарканда пурра бояд тозаю безарар гардонад. 
Лозим ба ёдоварист, ки аз оғози соли 1992 инҷониб, аз таркиши моддаҳои мухталифи тарканда 364 нафар ҳалок ва 470 каси дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Февраль 17, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд