Фарҳанг-ҷавҳари ҳастии миллат
Душанбе, 25.02.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Одоби муошират» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори Китобхонаи миллӣ Носирҷон Салимов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Азим Байзоев, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, адибон Шералӣ Мӯсо, Мирзо Насриддин дар бораи одоби муошират сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки имрӯз одоби муошират хеле коста шудааст ва ба ин на танҳо ҷавонон, балки калонсолон низ гунаҳкоранд, чунки калонсолон нисбат ба ҷавонон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Покизатарин узви инсон ин забон аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҷавонон бо муоширати бади худ фарҳанги миллатро паст мезананд. Фарҳанги муошират ин худ зиндагӣ аст. Иштирокдорони чорабинӣ пешниҳод намуданд, ки чунин маҳфилҳои адабӣ дар барномаҳои телевизион, мактабҳои миёнаву олӣ ва муассисаҳо бештар доир шаванд ва дар мактабҳои миёна дарси одоб ҷорӣ гардад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






