Гулгузории ворисони Сомонӣ
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).- Имрӯз, 26 феврали соли 2014 ба таъсиси Созмони талабагон 14 сол пур шуд. Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти худидоракунии хонандагони Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 14-умин солгарди ин ташкилот дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ баргузор намуд.
Фаъолияти созмон асосан дар муассисаҳои таълимӣ ба воситаи се зина- «Ахтарон» (хонандагони синфҳои 1-4), «Ворисони Сомониён» (хонандагони синфҳои 5-9) ва «Сомониён» (хонандагони 10-11) амалӣ гардида, то ҳол шумораи умумии аъзои он дар пойтахт 116 ҳазору 439 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки маросими гулгузорӣ дар назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо иштироки зиёда аз 200 нафар аъзои фаъоли Созмони талабагон, собиқадорон ва намояндагони Раёсати маориф ва шуъбаҳои он баргузор гардида, инчунин маҷлиси тантанавии он бо иштироки зиёда аз 200 нафар кӯдаку наврас, ки аъзои фаъоли Созмони талабагонанд, меҳмонон ва собиқадорон дар нимаи дуюми рӯз дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Дар хатми маҷлис беҳтарин роҳбарон ва раисони Созмони талабагон бо Сипоснома ба Ифтихорнома сарфароз гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






