Гурӯҳи корӣ барои ошкор намудани теъдоди нашъамандон

Февраль 7, 2014 14:33

Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар»,  Екатерина  Пасторова).-  Мувофиқи   маълумоти расмии Вазорати  тандурустии  ҶТ,  то  имрӯз  дар  Тоҷикистон  7  ҳазору  176 нафар нашъамандон  мавҷуд  буда,  аз ҷумлаи онҳо 3011  нафарашон  дар  шаҳри  Душанбе  ба қайд гирифта  шудааст.   Роҳбари  Агентии  назорати   маводи  нашъаовари   назди  Президенти  ҶТ  Рустам  Назаров  дар  ин  бора  ба  журналистон  хабар  дод. 
 
Мувофиқи  суханони  мавсуф,   дар   вилояти  Суғд  1075 нашъамандон,  дар  вилояти  Хатлон  1262 нафар,  аз  ҷумла  13  нафар   занони  нашъаманд,  дар  ВМКБ  901  нафар ва  дар  ноҳияҳҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  972  нафар,  аз  ҷумла  11  нафар  занони  нашъаманд  ба  қайд  гирифта шудааст.
 
«Мо  мефаҳмем,  ки  ин  рақамҳо  аз  воқеият  дуранд,  бинобар  ин  ҳанӯз  соли  гузашта  барои  ошкор  намудани   вазъияти   ҳақиқӣ ва  теъдоди  аниқи   нашъамандон  гурӯҳи  корӣ   таъсис  ёфта буд», —  гуфт   Рустам  Назаров.

Февраль 7, 2014 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад