Гурӯҳи корӣ барои ошкор намудани теъдоди нашъамандон
Душанбе, 07.02.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустии ҶТ, то имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳазору 176 нафар нашъамандон мавҷуд буда, аз ҷумлаи онҳо 3011 нафарашон дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Роҳбари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров дар ин бора ба журналистон хабар дод.
Мувофиқи суханони мавсуф, дар вилояти Суғд 1075 нашъамандон, дар вилояти Хатлон 1262 нафар, аз ҷумла 13 нафар занони нашъаманд, дар ВМКБ 901 нафар ва дар ноҳияҳҳои тобеи ҷумҳурӣ 972 нафар, аз ҷумла 11 нафар занони нашъаманд ба қайд гирифта шудааст.
«Мо мефаҳмем, ки ин рақамҳо аз воқеият дуранд, бинобар ин ҳанӯз соли гузашта барои ошкор намудани вазъияти ҳақиқӣ ва теъдоди аниқи нашъамандон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта буд», — гуфт Рустам Назаров.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






