Густариши ҳамкорӣ миёни ду Бадахшон
Хоруғ, 11.02.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ба хотири тавсияи ҳамкориҳои муштараки Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед волии вилояти Бадахшони Афғонистон ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. Дар ин сафар волӣ Шоҳ-Валиуллоҳи Адибро доктор Наҷмиддини Наҷм, сардори шабакаҳои Бунёди Оғохон дар Афғонистон, Ғуломҳошими Соъӣ-консули Бадахшони Афғонистон дар шаҳри Хоруғ ҳамроҳӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар ду вилоятро ба баррасӣ гирифта, аз фаъолияти кории комиссияи муштараки байнимарзӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Бунёди пулҳои иртиботӣ бар фарози рӯдхонаи Панҷ, ифтитоҳи бозорҳои наздимарзӣ, интиқоли неруи барқ ба деҳаҳои наздимарзии Афғонистон, рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи хадамоти пизишкӣ, ба муолиҷа ва муоина фаро гирифтани маризони минтақаи наздимарзии Бадахшони Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, тавсияи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиву боғдорӣ, роҳсозиву муҳитзистӣ аз ҷумлаи иқдомотест, ки комиссияи муштараки ҳар ду кишвар ба даст оварданд. Волии вилояти Бадахшони Афғонистон аз ҳамкориҳои судманди ҳар ду минтақа изҳори қаноатмандӣ карда афзуд, ки сокинони ҳар ду соҳил муштаракоти таърихию фарҳангӣ дошта, танҳо бар асари ҷабри таърих муддати 70-сол дӯстиву бародарии ин ду қавм аз ҳам рафта буд. Сарони вилоят барои тавсияи ҳамкорӣ ба манзури ҷалавгирӣ аз интиқоли маводи мухаддир ва даҳшатафканӣ табодули афкор карданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






