Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва СҲШ
Душанбе, 14.02.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз бо ибтикори Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ бахшида ба раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мизи гирди муштарак ва муаррифии китоби «Тоҷикистон ва СҲШ: субот ва шукуфоӣ» баргузор гардид. Ҳамоишро директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, академик Носирҷон Салимов ҳусни оғоз бахшид. Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Парвиз Додов оид ба ҳамкориҳои тарафайн сухан гуфт.
Китоби Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон дар СҲШ: субот ва шукуфоӣ»-ро директори марказ Худобердӣ Холиқназар муаррифӣ карда, иштирокчиёнро бо муҳтавои он шинос намуд.
Ба қавли Х. Холиқназар китоби мазкур густариш ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бар мегирад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин сафирони кишварҳои аъзои СҲШ, намояндагони вазорату донишгоҳҳо, Академияи илмҳои Тоҷикистон ва хабарнигорон иштирок намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






