Густариши равобити фарҳангӣ
Душанбе, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Маҷлиси ҳисоботии Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон (ҶДРФТ) бо кишварҳои хориҷӣ мувофиқи анъана ҳар сол охири моҳи феврал баргузор мегардад. Дар ҷаласаи имрӯза, аъзои Раёсати ҶДРФТ, масъулони намояндагиҳои ҶДРФТ дар вилоятҳо, раисон ва намояндагони Ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои алоҳида, ки дар доираи ҶДРФТ амал мекунанд, сарварони иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллиятҳои миллии кишвар, ки бо ин ташкилоти собиқадор ҳамкорӣ доранд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Сайдулло Хайруллоев, роҳбари ҶДРФТ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ҷамъият дар соли сипаригардида ҳисобот дода, зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ду ҷамъияти нав, аз ҷумла, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Озарбойҷон» ва Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Япония» таъсис ёфт. Тибқи иттилоъ дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин бори нахуст дар Тоҷикистон бо Намояндагии «Россотрудничество» бо доираи васеи донишҷӯёни тоҷик ва хориҷӣ фестивали муҳташам баргузор гардид.Аз суханҳои роҳбари ҶДРФТ бармеояд, ки сол то сол ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш меёбад.Ҳамчунин дар ҷаласа сарварони иттиҳодияҳои ақаллиятҳои миллӣ ва роҳбарони марказҳои миллӣ оид ба корҳои анҷомдода дар соли гузашта, гузориш намуданд. Дар фарҷом оид ба нақшаҳои минбаъдаи ҷамъият пешниҳодҳо муҳокима шуданд.Лозим ба маврид аст, ки дар айни ҳол ҳамкории ҶДРФТ бо 19 ҷамъияти хориҷӣ идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






