Хадамоти фармасевтӣ: Фаъолияти «Зандра Глобал» қатъ карда шуд

Февраль 6, 2014 15:47

Душанбе,  6.02.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Нозирони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд зимни санҷиш анбори намояндагии ширкати «Зандра-Глобал»-и Ҷумҳурии Ҳиндустонро ошкор намуданд, ки он бе қайди намояндагии тиббии хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард ва шаҳодатномаи аккредитатсионӣ надошт. Дар анбор 13 номгўй маводи доруворӣ ба миқдори 12052 адад нигоҳ дошта мешуд, ки ин анбор ба талаботи стандартӣ барои нигоҳдории маводи доруворӣ ҷавобгў намебошад. Нисбат ба намояндаи тиббии ширкати мазкур Бахадурия Панкадж (шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, Бахадурия Панкадж  барои вайрон намудани як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба андозаи 8000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 
      Оид ба ҶДММ «Зандра Глобал» фармоиши Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба тасвиб расидааст, ки фаъолияти ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад. Рўйхати табибони бо ин ширкат ҳамкорӣ мекарда барои чораҷўӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда шуд.
     Ҳамчунин зимни санҷиши навбатии нозирони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишӣ-гигиении Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар бозори Корвон миқдори зиёди маводи ороишӣ-гигиенӣ дарёфт карда шуд, ки бо роҳи қочоқ аз давлати Чин ба ҷумҳурӣ ворид гардида,бидуни сертификати мутобиқат мебошанд. 
Дар ин бора аз  дафтари Хадамоти назорати давлатии  фаъолияти фармасевтӣ иттилоъ додаанд.
 
 
 

Февраль 6, 2014 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад