Хадамоти фармасевтӣ: Фаъолияти «Зандра Глобал» қатъ карда шуд
Душанбе, 6.02.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Нозирони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Суғд зимни санҷиш анбори намояндагии ширкати «Зандра-Глобал»-и Ҷумҳурии Ҳиндустонро ошкор намуданд, ки он бе қайди намояндагии тиббии хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард ва шаҳодатномаи аккредитатсионӣ надошт. Дар анбор 13 номгўй маводи доруворӣ ба миқдори 12052 адад нигоҳ дошта мешуд, ки ин анбор ба талаботи стандартӣ барои нигоҳдории маводи доруворӣ ҷавобгў намебошад. Нисбат ба намояндаи тиббии ширкати мазкур Бахадурия Панкадж (шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон) протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, Бахадурия Панкадж барои вайрон намудани як силсила қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 8000 сомонӣ ҷарима карда шуд.
Оид ба ҶДММ «Зандра Глобал» фармоиши Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба тасвиб расидааст, ки фаъолияти ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад. Рўйхати табибони бо ин ширкат ҳамкорӣ мекарда барои чораҷўӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин зимни санҷиши навбатии нозирони шуъбаи назорати давлатии маводи ороишӣ-гигиении Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар бозори Корвон миқдори зиёди маводи ороишӣ-гигиенӣ дарёфт карда шуд, ки бо роҳи қочоқ аз давлати Чин ба ҷумҳурӣ ворид гардида,бидуни сертификати мутобиқат мебошанд.
Дар ин бора аз дафтари Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ иттилоъ додаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






