Хизматрасонии техникаҳои лизингӣ

Февраль 5, 2014 14:53

Душанбе, 5 феврал. (АМИИТ «Ховар», Заранегзи Латиф).- Соли сипаригардида КВД «Тоҷикагролизинг» аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 101 адад трактор, 2 адад комбайни ғалладарав, 106 адад таҷҳизот  ба маблағи 13 млн. 853 ҳазору 685 сомонӣ харид намуд.
Ҳамчунин аз ҳисоби Фонди шарикии корхона бо Агентии ҳамкориҳои байналхалқии Сафорати Ҷопон  JICA 21 адад трактор ва 21 адад сипор ба маблағи 2 млн. 286 ҳазору 900 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 16 млн. 140 ҳазору 585 сомонӣ харид намуда, ба таври лизингӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ пешниҳод намудааст. 
Маврид ба ёдоварист, ки барои расонидани кумаки техникӣ ба кишоварзони ҷумҳурӣ аз тариқи озмун аз ҶСШП «Агротехсервис»-и ноҳияи Ҳисор   31 адад трактори МТЗ-82.1 ва МТЗ-80  харид намуда, пешниҳоди истифодабарандагон гардонидааст.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ  иттилоъ доданд, дар маҷмўъ дар соли 2013  КВДҶ  «Тоҷикагролизинг» 153 адад трактори гуногунтамға ва 127 адад таҷҳизоти кишоварзӣ харид намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудааст. То имрўз корхона дар миқёси ҷумҳурӣ 33 адад Маркази хизматрасонии техникиро ташкил намудааст, ки дар айни ҳол самаранок фаъолият намуда, сари вақт ба кишоварзон хизмат расонида истодаанд.  
 
 

Февраль 5, 2014 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад