Хизматрасонии техникаҳои лизингӣ
Душанбе, 5 феврал. (АМИИТ «Ховар», Заранегзи Латиф).- Соли сипаригардида КВД «Тоҷикагролизинг» аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 101 адад трактор, 2 адад комбайни ғалладарав, 106 адад таҷҳизот ба маблағи 13 млн. 853 ҳазору 685 сомонӣ харид намуд.
Ҳамчунин аз ҳисоби Фонди шарикии корхона бо Агентии ҳамкориҳои байналхалқии Сафорати Ҷопон JICA 21 адад трактор ва 21 адад сипор ба маблағи 2 млн. 286 ҳазору 900 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 16 млн. 140 ҳазору 585 сомонӣ харид намуда, ба таври лизингӣ ба хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ пешниҳод намудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки барои расонидани кумаки техникӣ ба кишоварзони ҷумҳурӣ аз тариқи озмун аз ҶСШП «Агротехсервис»-и ноҳияи Ҳисор 31 адад трактори МТЗ-82.1 ва МТЗ-80 харид намуда, пешниҳоди истифодабарандагон гардонидааст.
Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маҷмўъ дар соли 2013 КВДҶ «Тоҷикагролизинг» 153 адад трактори гуногунтамға ва 127 адад таҷҳизоти кишоварзӣ харид намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод намудааст. То имрўз корхона дар миқёси ҷумҳурӣ 33 адад Маркази хизматрасонии техникиро ташкил намудааст, ки дар айни ҳол самаранок фаъолият намуда, сари вақт ба кишоварзон хизмат расонида истодаанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






