Хониши босифат бо забони модарӣ

Февраль 4, 2014 15:45

 
Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Тибқи иттилои Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова аз 28 то 31-уми январи соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, Маркази миллии тестӣ ва дастгирии молиявии Оҷонсии амрикоии рушди байналмилалӣ (USAID) тавассути Лоиҳаи «Хониши босифат» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон машварат оид ба таҳияи системаи арзёбии дониш, малака ва маҳорати талабагони синфҳои ибтидоӣ оид ба хондан баргузор гардид. 
Дар семинар зиёда аз 40 нафар мутахассисони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, мутахассисон, муовинони сарварони мактаб ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд. Иштирокчиёни семинар силсилаи тестҳоро барои синфҳои ибтидоӣ дар асоси стандартҳои фанни «Забони модарӣ» таҳия намуданд. Моҳи майи соли ҷорӣ якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестӣ дар доираи Лоиҳаи «Хониши босифат» санҷиши малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ гузаронида мешавад.

Февраль 4, 2014 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш