Хуҷанд: 1000 бех ниҳоли ороишӣ шинонида шуд
Хуҷанд, 26.02.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳади Дадобой).- Чанде қабл дар маркази вилояти Суғд зимни гузаронидани чорабинии ниҳолшинонӣ 1000 бех ниҳоли сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд. Тавре ки аз дастгоҳи раиси шаҳр ба мо иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки бевоситаи шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода гузашт, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, муассисаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва идораи сохтмони асосӣ иштироки фаъолона доштанд. Дар чорабинӣ шаҳрдори Хуҷанд дар баробари ширкати фаъолона доштани кормандони соҳаи ободонии шаҳр, аз онон барои риояи қоидаҳои агротехнологӣ, сабки ороиши гулҳо ва нигоҳубини саривақтии онҳо даъват ба амал овард. Ба иттилои манбаъ, чорабинии мазкур идома ёфта, то 10 март дар назар аст боз 20 ҳазор дарахти ҳамешасабз ва ду миллион дона гулу гулбуттаи ороишӣ шинонида шуда, шоҳроҳи Исмоили Сомонӣ то 1 майи соли равон пурра бо намуди муосир чароғон хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






