Идораи самарабахши захираҳои об
Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 26 феврал дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба тарҳрезӣ ва татбиқи нақшаи ҳавзаҳои об барои дарёи Исфара баргузор гардид. Намояндагони бахшҳои хоҷагии об, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин намояндагони маъмурияти маҳаллӣ ва истифодабарандагони об аъзои гурӯҳи мазкур мебошанд.
Тавре ки аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ хабар доданд, иштирокдорони вохӯрӣ масоили идораи самарабахши захираҳои оби ҳавзаи мазкур дар ҳошияи тренинги чорум аз рӯи марҳалаҳои тарҳрезии ҳавзаҳои обро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаи нақшаи ҳавзаи оби дарёи Исфараро баррасӣ намуданд.
Тақвияту татбиқи банақшагирии ҳавзаҳои об барои минтақаи Осиёи Марказӣ басо муҳим аст, зеро дар ин ҷо афзудани талабот ба захираҳои об ва аломатҳои таъсири тағйирёбии иқлим идораи захираҳои обро мураккаб месозад. Аз соли 2012 ба манзури афзун намудани имкониятҳои ҷонибҳои манфиатдори ҳавзаи дарёи Исфара силсилаи ҷамъомаду тренингҳо роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






