Идораи самарабахши захираҳои об

Февраль 27, 2014 15:55

Душанбе, 27.02.2014. (АМИТ «Ховар»).- 26  феврал  дар  шаҳри  Хуҷанд вохӯрии  гурӯҳи  корӣ  оид ба  тарҳрезӣ ва  татбиқи  нақшаи ҳавзаҳои об  барои  дарёи  Исфара баргузор  гардид. Намояндагони  бахшҳои  хоҷагии  об,  ҳифзи табиат,  санитарию  эпидемиологӣ  ва  иқтисодӣ,   ҳамчунин намояндагони маъмурияти маҳаллӣ ва  истифодабарандагони об  аъзои  гурӯҳи  мазкур  мебошанд.
 
Тавре  ки  аз Намояндагии  Иттиҳоди  Аврупо дар  ҶТ  хабар  доданд, иштирокдорони  вохӯрӣ  масоили   идораи   самарабахши  захираҳои оби  ҳавзаи  мазкур  дар  ҳошияи  тренинги  чорум  аз  рӯи  марҳалаҳои  тарҳрезии   ҳавзаҳои обро   мавриди  муҳокима  қарор  дода,   лоиҳаи   нақшаи  ҳавзаи  оби дарёи Исфараро  баррасӣ  намуданд.
 
Тақвияту  татбиқи  банақшагирии  ҳавзаҳои об  барои  минтақаи  Осиёи  Марказӣ  басо  муҳим  аст,   зеро  дар  ин  ҷо  афзудани  талабот  ба  захираҳои об  ва аломатҳои  таъсири  тағйирёбии  иқлим идораи  захираҳои обро  мураккаб  месозад. Аз  соли  2012  ба  манзури  афзун  намудани  имкониятҳои  ҷонибҳои  манфиатдори  ҳавзаи дарёи  Исфара  силсилаи  ҷамъомаду  тренингҳо   роҳандозӣ  мешаванд.

Февраль 27, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш