Интихоби муовинони раиси Маҷлиси миллӣ

Февраль 27, 2014 14:24

 
Душанбе, 27.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум,  ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ баргузор гардид,  Абдураҳмон Қодирӣ- муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ  ва Шодихон Ҷамшед  — муовини раиси палатаи болоии Парлумони кишвар интихоб  гардиданд.
     Бояд тазаккур дод, нафарони мазкур дар интихоботи Маҷлиси миллӣ, ки   ба ивази аъзои хориҷшуда  15 феврали соли равон баргузор гардид, узви Маҷлиси миллӣ  интихоб шуданд.
      Абдураҳмон Қодирӣ қаблан дар вазифаҳои вазири кишоварзӣ, муовини раиси вилояти Хатлон  фаъолият намуда, алҳол раиси вилояти Суғд мебошад. Шодихон Ҷамшед, ки бо Фармони Президенти кишвар раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон /ВМКБ/ таъйин гардид, аз соли 2009 то 2013 дар вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон фаъолият мекард.
     Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон палатаи болоии Парлумони мамлакат маҳсуб ёфта, 34 аъзо дорад, ки 25 нафари он аз ҷониби вакилони маҷлисҳои вакилони халқи  вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар, инчунин  ВМКБ тавассути баргузории интихобот интихоб гардида, 8 нафари дигар аз ҷониби Президенти кишвар таъйин мешавад. Нахустин Президенти Тоҷикистон узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад.
 
 
 
 

Февраль 27, 2014 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад