Интихоби муовинони раиси Маҷлиси миллӣ
Душанбе, 27.02.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси миллӣ баргузор гардид, Абдураҳмон Қодирӣ- муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ ва Шодихон Ҷамшед — муовини раиси палатаи болоии Парлумони кишвар интихоб гардиданд.
Бояд тазаккур дод, нафарони мазкур дар интихоботи Маҷлиси миллӣ, ки ба ивази аъзои хориҷшуда 15 феврали соли равон баргузор гардид, узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ қаблан дар вазифаҳои вазири кишоварзӣ, муовини раиси вилояти Хатлон фаъолият намуда, алҳол раиси вилояти Суғд мебошад. Шодихон Ҷамшед, ки бо Фармони Президенти кишвар раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон /ВМКБ/ таъйин гардид, аз соли 2009 то 2013 дар вазифаи раиси ноҳияи Шуғнон фаъолият мекард.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон палатаи болоии Парлумони мамлакат маҳсуб ёфта, 34 аъзо дорад, ки 25 нафари он аз ҷониби вакилони маҷлисҳои вакилони халқи вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишвар, инчунин ВМКБ тавассути баргузории интихобот интихоб гардида, 8 нафари дигар аз ҷониби Президенти кишвар таъйин мешавад. Нахустин Президенти Тоҷикистон узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






