Интихоботи миёнадаврии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 16, 2014 11:31

Душанбе, 16.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 16 феврали соли 2014, таҳти роҳбарии раиси Комиссии марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо баррасӣ шуд.Мувофиқи моддаҳои 12, 51, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» ва дар асоси протолколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда КМИР қарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ рӯзи 15 феврали соли 2014 аъзои ММ МО ҶТ интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколати онҳо тасдиқ карда шавад:аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1: Абдураҳмонов Саидбурҳон Саидраҳмонович, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ;Худоёров Худоёр Завқибекович, раиси ноҳияи Рушони ВМКБ;Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2:Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд;аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3:Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон;Раҳмонов Абдулғафор Қодирович, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон; аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4:Раҳимов Фарҳод Қодирович, Президенти Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон;аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:Сафаров Хайрулло Амиралиевич, директори генералии ҶСК НБО «Роғун»;Табаров Бобоалӣ Муродалиевич, раиси ноҳия Турсунзода. Хотирнишон бояд намуд, ки 15 феврали соли 2014 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботи ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.Тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат катъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати ӯ интихоботи нав гузаронида мешавад. Мутобиқи моддаи 29 қонуни мазкур узви Маҷлиси миллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб мешавад.

Февраль 16, 2014 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад