Интихоботи миёнадаврии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Душанбе, 16.02.2014. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 16 феврали соли 2014, таҳти роҳбарии раиси Комиссии марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда ва тасдиқи ваколатҳои онҳо баррасӣ шуд.Мувофиқи моддаҳои 12, 51, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон» ва дар асоси протолколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда КМИР қарор кард, ки шахсони зерин, ки бо аксарияти овозҳо аз тарафи вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои дахлдори маҳаллии вакилони халқ рӯзи 15 феврали соли 2014 аъзои ММ МО ҶТ интихоб шудаанд, ба қайд гирифта, ваколати онҳо тасдиқ карда шавад:аз ҳавзаи интихоботии ВМКБ №1: Абдураҳмонов Саидбурҳон Саидраҳмонович, раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ;Худоёров Худоёр Завқибекович, раиси ноҳияи Рушони ВМКБ;Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ, аз ҳавзаи интихоботии Суғд №2:Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд;аз ҳавзаи интихоботии Хатлон №3:Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон;Раҳмонов Абдулғафор Қодирович, раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон; аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4:Раҳимов Фарҳод Қодирович, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;аз ҳавзаи интихоботии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5:Сафаров Хайрулло Амиралиевич, директори генералии ҶСК НБО «Роғун»;Табаров Бобоалӣ Муродалиевич, раиси ноҳия Турсунзода. Хотирнишон бояд намуд, ки 15 феврали соли 2014 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботи ВМКБ №1, Суғд №2, Хатлон №3, шаҳри Душанбе №4 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 баргузор гардид.Тибқи талаботи моддаи 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сурати пеш аз мӯҳлат катъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ дар муддати се моҳи баъди қатъ гардидани ваколати ӯ интихоботи нав гузаронида мешавад. Мутобиқи моддаи 29 қонуни мазкур узви Маҷлиси миллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






