Истеҳсоли маҳсулот меафзояд

Февраль 4, 2014 11:57

 
 Душанбе, 04.02.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-   Соли  2013  дар  ҷумҳурӣ  ба  маблағи  беш  аз  9  млрд 936 млн  сомонӣ маҳсулоти  саноатӣ  истеҳсол  шуда,  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулоти  саноатӣ  103,9  фоизро  ташкил  дод. Соли  гузашта  702  корхона  нисбат ба  соли  2012  бештар   маҳсулот  истеҳсол  намуданд.  Дар  баробари  ин  фаъолияти 113  корхона  қатъ  гардид. Директори  Агентии  омори   назди Президенти  ҶТ  Гулнора  Ҳасанова  дар   нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолият   тайи  соли  2013  дар  ин  бора  хабар  дод.
 
Гулнора  Ҳасанова зикр  намуд, ки  соли  2013  истихроҷи  маъдан,  истеҳсоли   маводи  сохтмонӣ,  намаки ошӣ,  гӯшту  ҳасиб, матои  абрешимӣ,  қолин,  ҳамчунин тавлиди   неруи  барқ афзуда,  ҳамзамон  истихроҷи   газу  нафт  истеҳсоли  меваи  хушк,  равғани  растанӣ ва  собуни  ҷомашӯӣ  коҳиш  ёфт.

 

Февраль 4, 2014 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш