Истеҳсоли маҳсулоти чорво меафзояд

Февраль 6, 2014 09:11

Ҳисор, 06.02.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар ноҳияи Ҳисор ба тараққиёти соҳаи чорводорӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 66 ҳазору 200 сарро ташкил намуда, аз ҷумла модагов 34 ҳазору 687 сарро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор- 3617 сар ва модагов- 1590 сар зиёд мебошад. Саршумори бузу гӯсфанд, асп ва занбӯри асал низ дар ин давра зиёд шудаааст.Чорводорони ноҳия дар соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва ширро хеле зиёд карданд. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳия 6848 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта, 454 тонна зиёд мебошад.

Февраль 6, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд